- дод
- I[داد]асоси замони ҳозира гузашта аз доданII[داد]1. бахшиш, ато; инъом2. адл, инсоф, адолат; дод густурдан адлу инсоф пойдор кардан, адолат ба кор бурдан; дод додан қатъи низоъ кардан; адолат ба кор бурдан, ҳукм ба тарафи ҳақ кардан; доди касеро додан шафқат намудан ба касе, адлу инсоф ба кор бурдан нисбат ба касе; дод ёфтан аз адлу инсоф баҳравар шудан; дод кардан адлу адолат кардан, инсоф кардан; дод парвардан адл кардан, адолат кардан; дод хостан додхоҳӣ кардан, додрасӣ талаб кардан; инсоф талабидан3. ростӣ; ҳақиқат◊ доду диҳиш бахшиш; саховат, хайру эҳсон; доду ситад доду гирифт; дод гирифтан ниг. дод ситондан; доди чизе додан а) ба чизе аҳамияти махсус додан, бисёр машғул шудан бо чизе; дар коре аз ҳад гузаштан, кореро аз ҳад гузарондан; кореро ба ниҳояти дараҷа расондан; б) насиба додан, баҳрабар кардан; доди сухан (суханварӣ) додан беҳтарин каломи бадеӣ офаридан; суханварӣ кардан, дар калом фасоҳату балоғат ба кор бурдан; дод ситондан интиқом гирифтан, қасос гирифтан; доди сухан ҷустан дар суханронӣ маҳорат нишон додан, суханварӣ талаб кардан, дар сухан маҳорат талаб намуданIII[داد]1. фиғон, нола; шикоят2. арзи касеро шунидан; ба дод овардан касеро ба танг овардан; касеро сахт азоб додан; ба дод омадан аз дасти касе (аз ҷаври касе) ба танг омадан; аз зулму бедодгарии касе ба ҷон сер шудан3. калимаи нидо вой! фарёд! (изҳори таассуф); доду фарёд фиғону нолаи шикоятомез; дод гуфтан (задан) фарёд кардан; ба доди касе расидан шикояти касеро ба эътибор гирифтан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.